Ба фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2021, № 108
ОИННОМАИ
Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»–и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Оинномаи мазкур асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва фаъолияти дигари Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» (минбаъд–Муассиса)–ро муайян менамояд.
2. Муассиса дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизашаванда (минбаъд–мақоми ваколатдори давлатӣ) ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Муассиса дар номгўи ташкилотҳои низоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
4. Муассиса вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро мустақиман ва ба воситаи ташкилотҳои тобеи худ амалӣ месозад.
5. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, суратҳисоби буҷетӣ ва махсус дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳрҳои дахлдор, штампу варақаҳо мебошад.
6. Номи ҳуқуқии Муассиса:
— бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», номи мухтасар – МД «ҲТММ»;
— бо забони русӣ: Государственное учреждение «Особо охраняемых природных территорий», номи мухтасар – ГУ «ООПТ».
7. Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Дустии халқҳо, 62.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА
8. Муассиса бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсис дода шудааст.
9. Барои амалисозии мақсадҳои зикргардида Муассиса вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
— ба амал баровардани фаъолият дар таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
— идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизат–шаванда;
— таҳияи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва мониторинги иҷрои талаботи онҳо;
— андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, меъёрҳои экологӣ, додани дастурҳои иҷроишашон ҳатмӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
— пешниҳоди даъво барои ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизат–шаванда, расонида шудаанд;
— таҳияи барномаҳои илмӣ–тадқиқотӣ бо мақсади ҳифз, барқароркунӣ ва афзун кардани олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордошта;
— ташкили фаъолияти сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва экскурсионии дохилӣ ва хориҷӣ;
— гузаронидани корҳои тарғиби донишҳои экологӣ бо аҳолӣ;
— таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии нигоҳ доштани маҷмааҳои табиӣ дар шароити истифодаи осоишӣ (рекреатсионӣ);
— таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ҷалби инвеститсияҳо оид ба таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва рушди сайёҳии экологӣ;
— таҳияи маводҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ, намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;
— ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини назорати давлатӣ оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии олами набототу ҳайвонот;
— ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии экологӣ;
— амалӣ намудани дигар вазифаҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва Оинномаи мазкур пешбинӣ намудааст.
3. ҲУҚУҚҲОИ МУАССИСА
10. Муассиса ҳуқуқ дорад:
— бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ истифодабарии заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, захираҳои табиӣ, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти шикориро аз ҷониби ташкилотҳои тобеи Муассиса танзим намояд;
— ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва фармоишҳои ба масъалаҳои фаъолияти Муассиса дахлдошта таклифу пешниҳодҳоро манзур намояд;
— аз номи худ шартномаҳо бандад, онҳоро амалӣ намояд, уҳдадорӣ ба зимма гирад, дар суд ба ҳайси даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд;
— дар доираи мурофиаи парвандаҳои маъмурӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои Муассиса аз мақомоти ваколатдор ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот дархост намояд ва гирад;
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо ва таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда маблағҳои грантӣ ва дигар кўмакҳои ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб намояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида кормандони муассисаҳои илмиро барои гузаронидани тадқиқот оид ба омӯзиши объектҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвоноти дар ҳудуди ташкилотҳои тобеи Муассиса ҷалб намояд;
— оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Муассиса вобастабуда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи методӣ таҳия намояд;
— ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумотҳоро аз ташкилотҳои тобеи Муассиса сари вақт талаб кунад ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод намояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида маводҳоро оид ба вайронкунии реҷаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ҳудуди онҳо, ситонидани ҷарима ва пешниҳоди даъво ба шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин ба шаҳрвандон барои ҷуброни товони зарари ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонидашуда дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намояд;
— ба шахсони воқеӣ барои воридшавӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда рухсатномаҳо диҳад ва бекор намояд;
— фаъолияти хоҷагидориро дар мавзеҳои алоҳида, аз ҷумла пешбурди хоҷагии ёрирасон ва шикори варзиширо дар ҳаҷм ва миқдоре, ки ба ҳолати табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ намерасонад, амалӣ намояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида барои истифодаи объектҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (даравидани алаф, чаронидани чорво, ҷамъоварӣ ва тайёр кардани маҳсулоти растаниҳои худрўи ҷангал, истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва ғайра) маблағ ситонад;
— дигар фаъолиятҳоро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ намояд.
11. Муассиса уҳдадор аст:
— Фаъолияти худро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ намояд;
— молу мулки Муассисаро самаранок ва бо мақсадҳои таъиншуда истифода барад;
— бехатарии меҳнат ва шароити кории ба талаботи танзимкунандаи давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ҷавобгӯйро таъмин намояд;
— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро ба роҳ монда, ҳисоботи истифодаи маблағҳои буҷетиро пешниҳод намояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Муассиса ва истифодаи амволи давлатии ба он вогузор шуда ҳисобот пешниҳод намояд;
— риояи реҷаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро таъмин намояд, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои буриши ғайриқонунии дарахту буттаҳо, шикори ҳайвоноту парандагон ва дигар намудҳои қонунвайронкуниҳо дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин аз сӯхтор ҳифз намудани онҳо корбарӣ намояд;
— мониторинги ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон, инчунин муҳити сукунати онҳоро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ намояд;
— назорати бехатарӣ аз сўхтор ва чорабиниҳоро оид ба пешгирии сар задани сӯхтор дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ намояд;
— чорабиниҳоро оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ, аз ҷумла намудҳои олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳшавӣ қарордошта гузаронад;
— дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамкориро бо муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ намояд;
— талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро риоя намояд;
— дигар уҳдадориҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муқаррар намудаанд, амалӣ намояд.
3. ИДОРАКУНИИ МУАССИСА
12. Идоракунии Муассиса мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
13. Муассисаро Сардор роҳбарӣ менамояд. Сардор ва мутахассисони дастгоҳи марказии Муассисаро мақоми ваколатдори давлатӣ ба вазифа таъин ва озод менамояд.
14. Сардори Муассиса:
— ба фаъолияти Муассиса роҳбарӣ менамояд ва ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Муассиса гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;
— барои ба мансаб таъин намудани кормандони дастгоҳи марказии Муассиса ба Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
— уҳдадориҳои вазифавии муовинони худ, роҳбарони дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои тобеи Муассисаро муқаррар менамояд;
— дар мувофиқа бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои тобеи Муассисаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
— низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, инчунин оинномаҳои ташкилотҳои тобеи Муассисаро тасдиқ менамояд;
— бо тартиби муқарраргардида роҳбарияти ташкилотҳои тобеи Муассисаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, тамдид медиҳад ва бекор мекунад, ӯҳдадориҳои хизматии онҳоро муайян мекунад, чораҳои ҳавасмандӣ ва маъмуриро нисбат ба онҳо татбиқ менамояд, тартиб ва намудҳои ҳавасмандгардонии онҳоро муқаррар менамояд;
— дар доираи салоҳияти худ фармоишҳо мебарорад, ки иҷроиши онҳо барои тамоми кормандони Муассиса ва ташкилотҳои тобеи он ҳатмӣ мебошад;
— истифодабарии захираҳои табиӣ, олами наботот ва ҳайвонотро дар ҳудуди ташкилотҳои тобеи Муассиса аз рӯи меъёрҳо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорат мебарад;
— ҷаласаҳои назоратӣ гузаронида, рўзномаи онҳоро муайян менамояд;
— нақшаҳои кории воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Муассиса, ташкилотҳои тобеи он тасдиқ менамояд ва таъмини иҷрои онҳоро назорат мебарад;
— дигар вазифаҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷро менамояд.
4. АНДОЗБАНДӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАССИСА
15. Андозбандии Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
16. Фаъолияти Муассиса ва ташкилотҳои тобеи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида, инчунин тибқи тартиби муқаррар–гардидаи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла аз ҳисоби пешбурди хоҷагии ёрирасон анҷом дода мешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
17. Тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
18. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

