ОЗМУНҲО

Озмунҳои ҷойи кори холӣ

Мутахассиси маҳаллӣ мутахассис оид ба гуногунии биологӣ/экология);

ЭЪЛОНИ ҶОИ КОРӢ.

Ташкилот: Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Лоиҳа: Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон;

Вазифа: Мутахассиси маҳаллӣ (мутахассис оид ба гуногунии биологӣ/экология);

Макони кории Мутахассис: шаҳри Душанбе, Резервати биосферии “Ромит”;

Муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: Июн 10, 2026;

Шумораи ҷойҳои холӣ: 1.

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА

  • Ба амал баровардани фаъолият дар таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • Идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • Таҳияи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва мониторинги иҷрои талаботи онҳо;
  • Гузаронидани корҳои тарғиби донишҳои экологӣ бо аҳолӣ;
  • Таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии нигоҳ доштани маҷмааҳои табиӣ дар шароити истифодаи осоишӣ (рекреатсионӣ);
  • Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ҷалби инвеститсияҳо оид ба таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва рушди сайёҳии экологӣ;
  • Ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии экологӣ.

Мутахассис Мутахассиси маҳаллӣ (мутахассис оид ба гуногунии биологӣ/экология) / Вазифаҳо:

Ташкили Маркази иттилоотӣ дар Резервати табиии биосферии “Ромит”

  • Гузаронидани арзёбии макони пешбинишуда барои ташкили Марказ, баргузор намудани вохӯриҳои машваратӣ бо кормандони Резервати табиии биосферии “Ромит”, ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ оид ба марказҳои иттилоотии гуногунии биологӣ бо мақсади муайян намудани талаботи функсионалӣ, таҳияи нақшаи муфассали ҷойгиркунӣ ва нақшаи фаъолияти Марказ;
  • Дар асоси арзёбӣ ва машваратҳо бо кормандони Резервати биосферии “Ромит” ва ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ, таҳияи мушаххасоти техникии таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои GPS-и навъи Garmin, компютерҳо, дастгоҳҳои алоқаи дастӣ, дронҳо, дурбинҳо ва либоси махсус барои Маркази иттилоотӣ ва пешниҳод намудани он ба Лоиҳаи БРСММ/Фонди мутобиқшавӣ;
  • Омода намудани ҷой дар Маркази иттилоотӣ барои насб ва ҷойгиркунии ҳамаи таҷҳизоти харидоришуда, инчунин таъмини омодагии ҷисмонӣ ва техникии Марказ;
  • Омода намудани буклетҳо, постерҳо, харитаҳо, маълумотномаҳо оид ба намудҳои набототу ҳайвонот ва дигар маводи аёнӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва омӯзиши меҳмонон;
  • Назорат ва дастгирии ба фаъолият оғоз намудани пурраи Маркази иттилоотӣ, бо таъмини он, ки ҳамаи низомҳо, таҷҳизот ва маводи таълимӣ дуруст фаъолият намуда, барои меҳмонон дастрас бошанд;
  • Баргузор намудани тренингҳо ё семинар оид ба фарҳанги экологӣ, сайёҳии экологӣ, инчунин таъмини фаъолияти пурраи Марказ ва гузаронидани омӯзиши ибтидоӣ барои кормандони Резервати биосферии “Ромит” оид ба ҷалби сайёҳони экологӣ.

Талаботи зарурии тахассусӣ барои Мутахассис биолог:

  • Ҳадди аққали дараҷаи бакалавр дар соҳаи биология, экология, идоракунии чарогоҳ, кишоварзӣ, илмҳои табиӣ ё соҳаи мувофиқ;
  • Ҳадди аққал 5 соли таҷриба дар самти гуногунии биологӣ ва барқарорсозии заминҳои алафзор;
  • Ошноии бо амалияҳои чарони тобовар ба иқлим ва контексти минтақаҳои ҳифзшаванда;
  • Дарки амиқи принсипҳои захираи биосферии UNESCO MAB (Созмони ММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг, Барномаи «Инсон ва биосфера») (афзалият дода мешавад);
  • Донистани забонҳо: тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад;
  • Қобилияти кор дар даста ва муошират бо ҳамкорон;
  • Қобилияти кор бо барномаҳои компютерӣ: MS Word, MS Excel, MS PowerPoint.

Ҳамаи номзадҳо метавонанд Тавсифномаи фаъолият (CV) ва Манзурнома (Сover letter)-и худро то 10 июни соли 2026 ба почтаи электронии oopt_tj@mail.ru ё ба суроғаҳои дар поён зикршуда ирсол намоянд.

Танҳо номзадҳои интихобшуда барои иштирок дар мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Дафтари марказӣ дар шаҳри Душанбе

кӯчаи дустии халқҳо 62

Барои маълумоти бештар, лутфан ба рақами +992 91 233 3333 занг занед ё ба почтаи электронии oopt_tj@mail.ru нома ирсол намоед.

ЭЪЛОНИ ҶОИ КОРӢ.

Ташкилот: Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳа: Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон

Вазифа: Мутахассиси гуногунии биологӣ (Мушовири миллӣ)

Макони кории Мутахассис: шаҳри Душанбе, бо сафарҳои мунтазам ба ноҳияҳои зерҳадаф.

Муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: Апрел 15, 2026

Шумораи ҷойҳои холӣ: 1

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА

         Ба амал баровардани фаъолият дар таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

         Идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

         Таҳияи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва мониторинги иҷрои талаботи онҳо;

         Андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, меъёрҳои экологӣ, додани дастурҳои иҷроишашон ҳатмӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

         Пешниҳоди роҳҳои ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, расонида шудаанд;

         Таҳияи барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо мақсади ҳифз, барқароркунӣ ва афзун кардани олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордошта;

         Ташкили фаъолияти сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва экскурсионии дохилӣ ва хориҷӣ,

         Гузаронидани корҳои тарғиби донишҳои экологӣ бо аҳолӣ;

         Таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии нигоҳ доштани маҷмааҳои табиӣ дар шароити истифодаи осоишӣ (рекреатсионӣ);

         Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ҷалби инвеститсияҳо оид ба таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва рушди сайёҳии экологӣ;

         Таҳияи маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ, намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;

         Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини назорати давлатӣ оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии олами набототу ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

         Ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии экологӣ;

Мутахассиси гуногунии биологӣ / Вазифаҳо:

         Роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии татбиқи вазифаҳои афзалиятноки Нақшаи идоракунии Захираи биосферии Ромит (2025-2029);

         Мустаҳкам намудани хадамоти ҳифзӣ, беҳтар намудани системаҳои мониторинги экологӣ ва дастгирии зеҳнияти экологӣ;

         Гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи методологияи мавҷудаи мониторинги гуногунии биологӣ ва нишондиҳандаҳои биологӣ бо муайян кардани камбудиҳо, маҳдудиятҳо ва соҳаҳои афзалиятноки такмил;

         Тайёр намудани методологияи илман асоснокшудаи мониторинги нишондиҳандаҳои намудҳои наботот ва ҳайвонот;

         Муайян кардани параметрҳои мониторинг, тарроҳии намунагирӣ, участкаҳо, воситаҳои ҷамъоварии маълумот ва шаблонҳои ҳисобот;

         Муайян ва татбиқ намудани воситаҳо ва платформаҳои нармафзории мувофиқ (масалан, SMART (Воситаи фазоии мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ), EarthRanger ва ғ.) барои идоракунии маълумот, таҳлил ва намоиши нишондиҳандаҳои асосии экологӣ;

         Гузаронидани чорабиниҳои рушди иқтидор барои кормандони ҶДТБ (Ҷойгоҳи давлатии табиии биосферавӣ) «Ромит» оид ба мониторинги нишондиҳандаҳои намудҳо;

         Ҳамоҳангӣ бо органҳои давлатӣ, КҲМЗ (Кумитаи ҳифзи муҳити зист), МД МТМХ (Муассисаи давлатии «Минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда») ва Гурӯҳи лоиҳаи UNDP AF (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Фонди мутобиқшавӣ);

         Таъмини мутобиқат бо стандартҳои миллӣ ва тавсияҳои UNESCO MAB (Созмони ММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг, Барномаи «Инсон ва биосфера»);

         Пешниҳоди гузоришҳои ҳамаҷонибаи техникӣ ва оид ба пешрафт дар вақти муқарраршуда;

Талаботи зарурии тахассусӣ барои Мутахассиси гуногунии биологӣ:

         Дараҷаи олии тахассусӣ (магистр ё болотар) дар соҳаи экология, биологияи ҳифзӣ, илми муҳити зист, идоракунии захираҳои табиӣ ё соҳаи марбутадор;

         Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии минтақаҳои ҳифзшаванда ҳадди ақал 8 сол;

         Малакаи собитшудаи роҳбарӣ, бо ҳадди аққал 3 соли таҷрибаи роҳбарии калон (ҳамчун Мудири лоиҳа, Роҳбари гурӯҳ ва ғ.) дар гурӯҳҳои бисёрихтисосаи лоиҳаҳои мураккаб бо манфиатдорони зиёд;

         Дониш ва дарки муносибатҳои мутобиқшавии экосистемавӣ ва амалияҳои устувори кишоварзӣ;

         Таҷрибаи собитшуда дар роҳбарии гурӯҳҳои бисёрихтисоса ва ҳамоҳангӣ бо органҳои давлатӣ;

         Дарки амиқи принсипҳои захираи биосферии UNESCO MAB (Созмони ММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг, Барномаи «Инсон ва биосфера») (афзалиятнок);

         Донистани забонҳо: тоҷикӣ ва англисӣ дар сатҳи олӣ. Донистани забони русӣ афзалият дода мешавад;

         Қобилияти кор дар даста ва муошират бо ҳамкорон;

         Қобилияти кор бо барномаҳои компютерӣ: MS Word, MS Excel, MS PowerPoint.

Ҳамаи номзадҳо метавонанд Тавсифномаи фаъолият (CV) ва Манзурнома (Сover letter)-и худро то 15 апрели соли 2026 ба почтаи электронии aslam_1993@mail.ru ё ба суроғаҳои дар поён зикршуда ирсол намоянд.

Танҳо номзадҳои интихобшуда барои иштирок дар мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Дафтари марказӣ дар шаҳри Душанбе

кӯчаи дустии халқҳо 62

Барои маълумоти бештар, лутфан ба рақами +992 91 233 3333 занг занед ё ба почтаи электронии aslam_1993@mail.ru нома ирсол намоед.

ЭЪЛОНИ ҶОИ КОРӢ.

Ташкилот: Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳа: Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон

Вазифа: Мутахассиси Харитасоз (GIS (Системаи иттилооти ҷуғрофӣ) Specialist) (Мушовири миллӣ)

Макони кории Мутахассис: шаҳри Душанбе, бо сафарҳои мунтазам ба ноҳияҳои зерҳадаф.

Муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: Апрел 15, 2026

Шумораи ҷойҳои холӣ: 1

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА

          Ба амал баровардани фаъолият дар таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

          Идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

          Таҳияи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва мониторинги иҷрои талаботи онҳо;

          Андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, меъёрҳои экологӣ, додани дастурҳои иҷроишашон ҳатмӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

          Пешниҳоди роҳҳои ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, расонида шудаанд;

          Таҳияи барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо мақсади ҳифз, барқароркунӣ ва афзун кардани олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордошта;

          Ташкили фаъолияти сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва экскурсионии дохилӣ ва хориҷӣ,

          Гузаронидани корҳои тарғиби донишҳои экологӣ бо аҳолӣ;

          Таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии нигоҳ доштани маҷмааҳои табиӣ дар шароити истифодаи осоишӣ (рекреатсионӣ);

          Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ҷалби инвеститсияҳо оид ба таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва рушди сайёҳии экологӣ;

          Таҳияи маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ, намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;

          Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини назорати давлатӣ оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии олами набототу ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

          Ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии экологӣ;

Мутахассиси Харитасоз (GIS Specialist) / Вазифаҳо:

          Харитасозии GIS (Системаи иттилооти ҷуғрофӣ)-и минтақаҳои асосӣ (ядро), ҳимоятӣ (буферӣ) ва гузаришӣ бо истифода аз нармафзори GIS;

          Гузаронидани тасдиқи заминӣ ва тавзеҳи марзҳои зонабандии ҶДТБ (Ҷойгоҳи давлатии табиии биосферавӣ) «Ромит»;

          Тайёр намудани харитаҳои зонабандии осонфаҳм барои маъмурияти ҶДТБ «Ромит» ва нигаҳбонон;

          Муайян кардан ва харитасозии масоҳатҳои деградатсияёфтаи чарогоҳ ва замини алафзор дар доираи ҶДТБ «Ромит»;

          Таҳияи дастурамалҳои идоракунӣ барои ҳар як минтақа (зона), аз ҷумла фаъолиятҳои иҷозатдода, маҳдудиятҳо ва қоидаҳои идоракунӣ;

          Муайян кардани параметрҳои мониторинг, тарроҳии намунагирӣ, участкаҳо ва нуқтаҳои мониторинг;

          Тайёр намудани харитаҳои GIS, шейпфайлҳо ва форматҳои KML барои мақсадҳои ҳисобот ва идоракунии дониш;

          Гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ барои кормандони ҶДТБ «Ромит» ва кадрҳои марбутадор оид ба истифодаи амалии харитаҳои зонабандӣ дар майдон;

          Таълими амалии майдонӣ (муайянкунии намудҳо, истифодаи GPS (Системаи ҷаҳонии ҷойгиршинос), усулҳои барӯйхатгирӣ);

          Пешниҳоди маҷмӯаҳои маълумоти мониторинг (Excel), қабатҳои GPS, харитаҳо ва метамаълумот;

Талаботи зарурии тахассусӣ барои Мутахассиси Харитасоз (GIS Specialist):

          Дараҷаи олии тахассусӣ (магистр ё эквивалент) дар соҳаи GIS (Системаи иттилооти ҷуғрофӣ), геоинформатика, илми муҳити зист ё соҳаҳои марбутадор;

          Таҷрибаи корӣ дар соҳаи харитасозии GIS, таҳлили фазоӣ ва зондкунии дур барои лоиҳаҳои идоракунии захираҳои табиӣ, ҷангалдорӣ ё барқарорсозии ландшафт ҳадди ақал 5 сол;

          Таҷрибаи собитшуда дар истифодаи нармафзори GIS (ArcGIS, QGIS) ва воситаҳои GPS барои харитасозии марзҳои ҷангал, намудҳои набототӣ, хусусиятҳои гидрологӣ ва зонаҳои афзалиятноки барқарорсозӣ;

          Таҷрибаи тайёр намудани харитаҳои GIS, шейпфайлҳо ва форматҳои KML барои мақсадҳои ҳисобот ва идоракунии дониш;

          Донистани забонҳо: тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи хуб. Донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад;

          Қобилияти кор дар даста ва муошират бо ҳамкорон;

          Қобилияти кор бо барномаҳои компютерӣ: MS Word, MS Excel, MS PowerPoint.

Ҳамаи номзадҳо метавонанд Тавсифномаи фаъолият (CV) ва Манзурнома (Cover letter)-и худро то 15 апрели соли 2026 ба почтаи электронии aslam_1993@mail.ru ё ба суроғаҳои дар поён зикршуда ирсол намоянд.

Танҳо номзадҳои интихобшуда барои иштирок дар мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Дафтари марказӣ дар шаҳри Душанбе

кӯчаи дустии халқҳо 62

Барои маълумоти бештар, лутфан ба рақами +992 91 233 3333 занг занед ё ба почтаи электронии aslam_1993@mail.ru нома ирсол намоед.

Ташкилот: Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳа: “Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон”.

Вазифа: Сафарбаркунии ҷомеъа (Мушовири миллӣ)

Макони кории Мутахассис: Ромит, Лоиҳаи зерҳадаф.

Муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: Апрел 20, 2026

Шумораи ҷойҳои холӣ: 1

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА

  • Ба амал баровардани фаъолият дар таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • Идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • Таҳияи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва мониторинги иҷрои талаботи онҳо;
  • Андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, меъёрҳои экологӣ, додани дастурҳои иҷроишашон ҳатмӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
  • Пешниҳоди роҳҳои ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, расонида шудаанд;
  • Таҳияи барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо мақсади ҳифз, барқароркунӣ ва афзун кардани олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордошта;
  • Ташкили фаъолияти сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва экскурсионии дохилӣ ва хориҷӣ,
  • Гузаронидани корҳои тарғиби донишҳои экологӣ бо аҳолӣ;
  • Таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии нигоҳ доштани маҷмааҳои табиӣ дар шароити истифодаи осоишӣ (рекреатсионӣ);
  • Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ҷалби инвеститсияҳо оид ба таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва рушди сайёҳии экологӣ;
  • Таҳияи маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ, намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;
  • Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини назорати давлатӣ оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии олами набототу ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • Ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии экологӣ;

Сафарбаркунии ҷомеъа / Вазифаҳо:

а) ташкил намудани чорабиниҳои иштироки ҷамоат дар минтақаи лоиҳа;

б) баргузор намудани вохӯриҳо, маслиҳатҳо ва семинарҳо бо аҳолии маҳаллӣ;

в) ҷамъоварии маълумот ва тайёр кардани ҳисоботҳои моҳона;

г) иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба сафарбаркунии ҷамоат мутобиқи нақшаи корӣ.

Талаботи зарурии тахассусӣ барои Мутахассиси гуногунии биологӣ:

  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии минтақаҳои ҳифзшаванда;
  • Дониш ва дарки муносибатҳои мутобиқшавии экосистемавӣ ва амалияҳои устувори кишоварзӣ;
  • Таҷрибаи собитшуда дар роҳбарии гурӯҳҳои бисёрихтисоса ва ҳамоҳангӣ бо органҳои давлатӣ;
  • Донистани забонҳо: тоҷикӣ ва руссӣ;
  • Қобилияти кор дар даста ва муошират бо ҳамкорон ва ҷомеъа;
  • Қобилияти кор бо барномаҳои компютерӣ: MS Word, MS Excel, MS PowerPoint.

Ҳамаи номзадҳо метавонанд Тавсифномаи фаъолият (CV) ва Манзурнома (Сover letter)-и худро то 20 апрели соли 2026 ба почтаи электронии aslam_1993@mail.ru ё ба суроғаҳои дар поён зикршуда ирсол намоянд.