- Навид

Семинари илмӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва муаммоҳои рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон»

27 январи соли 2026 дар Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» семинари илмӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва муаммоҳои рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки олимону донишмандон ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар намояндагони сохторҳои дахлдор оид ба роҳҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон андешаву пешниҳодҳои худро баён намуда, вобаста ба имкониятҳо, мушкилот ва дурнамои рушди ин самт маърӯзаҳо пешниҳод карданд. Иштирокчиён инчунин масъалаҳои мубрами рушди сайёҳии экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сайёҳон тавассути технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки дар кори семинари мазкур кормандони Шуъбаи рушди сайёҳии экологӣ ва робитаҳои байналмилалии Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда низ фаъолона иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои рушди сайёҳии экологӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ин самт андеша ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.25
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.24
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.24 (2)
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.24 (1)
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.23 (1)
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.22
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.22 (1)
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.21
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.21 (2)
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.21 (1)
WhatsApp Image 2026-06-17 at 10.43.19
previous arrow
next arrow

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *