Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тарбияи эҳтиром ба муҳити зист, дар маркази шаҳри Хоруғ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ баргузор карда шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ хонандагон бо мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Зоркул» шинос гардида, оид ба аҳамияти ҳифзи табиат, нигоҳдории гуногунрангии биологӣ ва нақши ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи муҳити зист маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои география ва биологияи Ватан баланд бардошта шуда, дар онҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва муносибати ғамхорона нисбат ба табиат ташаккул дода шуд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба рушди тафаккури экологӣ ва тарбияи насли худогоҳу масъули ҷомеа мусоидат менамояд.













