- Навид

Гузориш аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи аввали соли 2026

1 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати роҳбарият ва намояндагони зерсохторҳои Муассиса иштирок намуда, ҳисоботҳои вобаста ба фаъолияти се моҳи аввали соли ҷорӣ шунида шуданд. Зимни баррасӣ масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла ҳифз ва нигоҳдории ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таҳкими чораҳои ҳифзи муҳити зист, тақвияти корҳои назоратӣ, риояи реҷаи муҳофизатӣ, инчунин рушди сайёҳии экологӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар кори ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф зимни баромади худ натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти Муассисаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои корӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти кормандон ва пурзӯр намудани назорат ба иҷрои вазифаҳо як қатор тавсияҳо ва супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар семоҳаҳои минбаъда зарур аст фаъолияти тамоми зерсохторҳо боз ҳам ҷоннок гардида, ҷиҳати ҳифзи самараноки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, нигоҳдории захираҳои табиӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *