- Навид

Дар Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркул» маркази иттилоотии сайёҳӣ ба истифода дода шуд

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон ва муаррифии имкониятҳои экологии Мамнӯъгоҳи табиии давлатии Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркул», дар ҳудуди мамнӯъгоҳ маркази иттилоотӣ барои сайёҳон дар шакли юрта ташкил ва насб гардид.

Маркази мазкур барои қабули сайёҳон ва пешниҳоди маълумоти муфид оид ба хатсайрҳои сайёҳӣ, қоидаҳои ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, инчунин таърих ва фарҳанги минтақа пешбинӣ шудааст. Ин ташаббус ба меҳмонон имконият фароҳам меорад, ки пеш аз ворид шудан ба минтақаи муҳофизатшаванда бо талабот ва хусусиятҳои муҳими ҳудуд шинос шаванд.

Дар дохили марказ маводҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла аксҳо, харитаҳои хатсайрҳои сайёҳӣ, маълумотномаҳо оид ба ҳайвонот ва набототи нодир, инчунин дигар маводи маърифатӣ ҷойгир карда шудаанд. Ин маълумотҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии сайёҳон ва ташаккули муносибати эҳтиёткорона нисбат ба захираҳои табиӣ мусоидат менамоянд.

Таъсиси маркази иттилоотии сайёҳӣ қадами муҳим дар самти рушди сайёҳии экологӣ ва муаррифии арзишҳои нодири табиии мамнӯъгоҳ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *