Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва таъмини беталаф баромадани онҳо дар шароити фасли сармо, 21 январи соли 2026 дар Парки табиии «Сари Хосор» корҳои биотехникӣ амалӣ карда шуданд.
Корҳои мазкур дар доираи нақшаи корӣ ва тибқи талаботи меъёрҳои экологӣ гузаронида шуда, дар қитъаҳои муайян хасу хошок ва донаҳо пошида шуданд, то ҳайвоноти нодир ва ваҳшӣ дар давраи сармо ба ғизои иловагӣ дастрасӣ дошта бошанд. Ин тадбирҳо ба нигоҳдории мувозинати экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамоянд.
Парки табиии «Сари Хосор» яке аз минтақаҳои муҳими табиӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи мунтазами корҳои биотехникӣ дар қаламрави он барои ҳифзи табиат ва устувории экосистемаҳои кӯҳистонӣ аҳамияти хос дорад.












