ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА» ​

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда – қитъаҳои замин, об ва фазои ҳавои онҳоро иҳотакардае мебошанд, ки дар онҳо маҷмӯаҳо ва объектҳои табиии дорои аҳаммияти экологӣ, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир мебошад. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шуда, барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст.

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои захираи намудҳои нодири гуногунии биологӣ ба шумор меравад ва дорои аҳаммияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дошта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд.

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи кишвар, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешавад.

Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ месозад.

Мамнӯъгоҳҳо ва паркҳои табиии давлатӣ ба категорияҳои аввали ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мансуб буда, аҳаммияти миллӣ ва байналмилалӣ доранд ва дар идоракунии Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дорои ҳуқуқи комил дар масоили ташкил ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гардид.

Дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Роҳбарияти Олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба масоили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, аз ҷумла ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси нодир, афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот тадбирҳо амалӣ гашта, рушди босуботи соҳа таъмин карда шуд.

Аз ҷумла, заминаи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузории соҳавӣ таъмин гардида, ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатӣ ба тавсиб расидаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» аз 13 декабри соли 1996, №328 қабул гардид. Инчунин санаи 10 майи соли 2002, таҳти №39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» қабул гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» аз 26 декабри соли 2011, №788 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд. Дар ин радиф, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» аз 27 ноябри соли 2014, №1159 қабул карда шуд.

«Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005–2015» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №79 қабул карда шуд, ки мақсади асосии Барнома беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди он ба шумор рафта, вазифаҳои он – ташкил намудани паркҳои табиии навтаъсис, барқароркунии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар мамнӯъгоҳҳо, гузаронидани ҳисоботи ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо ва паркҳои табиӣ, бо мақсади ҳамоҳангсозии он ба талаботҳои байналмилалӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», рушди инфраструктураи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ ва дар заминаи он ба роҳ мондани сайёҳии экологӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои асосӣ дар мамнӯъгоҳҳо ва паркҳои табиӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо роҳи гузаронидани семинару тренингҳо ва фаъол намудани таблиғоти экологӣ ба воситаи ахбори омма.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ин Барномаи давлатӣ як қатор корҳо ва чорабиниҳо, аз он ҷумла якҷоя бо Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ оид ба зиёд намудани шумораи мормоҳӣ дар кӯлҳои мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон», дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии «Ромит», «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», Парки табиӣ–таърихии «Ширкент» омӯзиши олами наботот ва ҳайвоноти нодир ба роҳ монда шуда, амалӣ гашт.

Cоли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, №346 ба мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» мақоми резервати биосферӣ дода шуд. Дар баробари мақоми резервати биосферӣ гирифтан, мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» дорои аҳаммияти байналмилалӣ гардид, ки ин яке аз дастовардҳои назаррасӣ соҳа арзёбӣ мегардад.

Соли 2021, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №359 Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» барои солҳои 2021–2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он» тасдиқ карда шуд.

Барномаи мазкур хусусияти  рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» дошта, барои мусоидат намудан ба танзими асосҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши гуногунии биологӣ дар мамнӯъгоҳи мазкур пешбинӣ гардида, ба таъмини устувории маҷмӯаҳо, ландшафтҳо ва ёдгориҳои табиӣ, ташаккул ва муайян намудани афзалиятҳои гуногунии биологӣ, рушди сайёҳии илмию экологӣ, идоракунии устувори минтақаҳои рекреатсионӣ ва танзими мувозинати гуногунии биологӣ ва экологӣ нигаронида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини назорати давлатӣ, идоракунии устувори ҳудудҳоии табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот, афзунгардонии захираҳои гуногунии биологӣ ва рушди системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тадбирҳо амалӣ гашта, дар ин давра саршумори намудҳои нодири ҳайвонот ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда саршумори гӯсфанди кӯҳии помирӣ (Архар) ба 13200–13230 сар, бузи кӯҳии пармашох (Морхӯр) ба 800–811 сар, гавазни бухороӣ ба 425–435 сар, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ба 465–480 сар, бабри барфӣ ба 164–170 сар рост меояд.

Бо ифтихор бояд қайд намуд, ки маҳс Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати барқароркунӣ ва афзунгардонии захираҳои гуногунии биологӣ, махсусан намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот, танзими истифодабарии захираҳои гуногунии биологӣ, таҳкими замина ва асосҳои ҳуқуқии ташкил ва идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда шароити мусоид фароҳам оварда, дар рушди соҳа нақши бузург дорад.

Дар замони Шӯравӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистонро 3 мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ, дар майдони умумии зиёда аз 85,6 ҳазор гектар замин, ташкил медод.

Дар давоми 30-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, резерватҳои биосферӣ, паркҳои табиӣ ва миллӣ, ки айни замон дар тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист қарор доранд, ба 10 адад расонида шуда, майдони умумии онҳо зиёда аз 2,8 миллион гектарро дар бар мегирад. Ин нишондод фарогири зиёда аз 19,9 фоизи масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.