27 сентябри соли 2025, дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ҳанчжоу (Ҷумҳурии Мардумии Чин) баргузор гардид, Резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО шомил шуд.
Ин рӯйдоди муҳим барои соҳаи экологии кишвар аҳаммияти калон дорад. Шомил гардидани «Ромит» ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ эътирофи сатҳи баланди фаъолияти муҳити зист дар Тоҷикистон буда, инчунин далели ҷиддияти кишвар дар роҳи ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими тавозуни экологӣ мебошад.
Резервати биосферии «Ромит», ки дар минтақаи нотакрори табиӣ ҷойгир аст, бо гуногуншаклии нотакрори биологӣ, ҳузури намудҳои нодиру эндемикӣ ва истифодаи усулҳои анъанавии, устувори истифодаи табиат фарқ мекунад.
Эътирофи ин минтақа ҳамчун намунаи ҳамзистии ҳамоҳангии инсон ва табиат имкониятҳои навро барои рушди тадқиқоти экологӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва шаклҳои устувори фаъолияти хоҷагидорӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ мекушояд.
Кумита изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи ташкилоту мутахассисоне баён менамояд, ки дар омодасозии номинатсия ва татбиқи чорабиниҳои муҳити зистӣ саҳм гузоштаанд ва даъват мекунад, ки ҳамкориҳоро баҳри ҳифзи мероси нодири табиии Тоҷикистон идома диҳанд.


















