MTD ROMIT

МАМНӮЪГОҲИ ТАБИИИ ДАВЛАТИИ

«РОМИТ»

Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» бо қарори собиқ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 1959 ташкил шудааст.

Масоҳати умимии мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» 16139 гектар буда, он дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор дар болооби дарёи Кофарниҳон, дар баландиҳои аз 1100 метр то 3200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад.

Мақсади таъсиси мамнӯъгоҳи «Ромит» дар таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, мебошад.

Ба маҳдудияти масоҳат нигоҳ накарда, мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» таҷассумгари гуногунии биологӣ маҳсуб ёфта, аз гуногунии намудҳои набототу ҳайвонот бой мебошад. Дар мамнӯъгоҳ 1503 намуд набототу ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла 925 намуди олами наботот, ки аз ин 845 намуд растаниҳои олӣ, ба монанди ушнагиёҳи қаратовӣ, шаҳгиёҳи бухорӣ, саври шарқӣ, гули чавғосун, қаҳорак, гули искандарӣ, хурмои оддӣ, бойчечаки королкова, савсан, сиёҳалаф, гулсичи тоҷикӣ, ҳолмон, лолаи бедоғ, обилагиёҳ, ферулаи сумбула ва ғайра вомехӯранд. Инчунин, дар мамнӯъгоҳ аз олами наботот сарв, заранг, чормағз, бодом, сафедор, бед, себ, олуча, гелос, дӯлона, тут, зирк, чилон, ирғай, дарахтони сӯзанбарг ва ғайраҳо дида мешаванд.

Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» ареали паҳншавии зиёда аз 39 намуди наботот ва макони зисти 15 намуд ҳайвоноти нодир мебошад. Аз олами ҳайвонот дар экосистемаҳои мамнӯъгоҳ хирси маллаи тиёншонӣ, силовсин, сагобӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, бабри барфӣ, мири мушон, гурза, баҳтур, мори печон, кабки дарӣ, бум, бедона, бургут, фотимачумчуқ, мурғи ҳилол ва дигар намояндагони олами ҳайвонот вомехӯранд.

Аз 3 августи соли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №346 ба мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» мақоми резервати биосферӣ дода шуд. Дар ин ҷода, мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Ромит» дорои мақоми резервати биосферӣ ва мавзеи аҳаммияти байналмилалидошта гардид.

Ромит 1
Ромит 2
Ромит 3
Ромит 4
Ромит 5
Ромит
РОМИТ
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.48
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.49
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.51 (1)
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.51
previous arrow
next arrow
Ромит 1
Ромит 2
Ромит 3
Ромит 4
Ромит 5
Ромит
РОМИТ
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.48
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.49
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.51 (1)
WhatsApp Image 2026-06-18 at 10.10.51
previous arrow
next arrow