PTM YAGNOB

ПАРКИ ТАБИИИ МИЛЛИИ «ЯҒНОБ»

Парки табиии миллии «Яғноб» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 май соли 2019, №227 бо мақсади ҳифзу барқарорсозии маҷмӯаҳои табиии дорои аҳаммияти махсуси экологӣ, ҳифзи меъроси фарҳангӣ, аз он ҷумла объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва таърихӣ, ёдгориҳои дорои табиати намунавӣ ва нодир, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди туризми экологӣ, пешбури корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таъсис дода шудааст.

Водии Яғноб яке аз мавзеъҳои дорои захираҳои зиёди гуногунии биологӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни ҳулул, зирк, камол, касруф, панҷангушт, ковили яғнобӣ, думи рӯбоҳ, сичи кӯҳӣ, камол ва садҳо намуди гиёҳҳои шифобахш ва олами ҳайвонот мебошад. Дар ин ҷо бабри барфӣ, силовсин, хирси малла, бузи кӯҳии сибирӣ, суғури сурх, шоҳин, бургут, кумай , кабк, мурғи ҳилол ва дигар намуди ҳайвонот сукунат мекунанд.

Ягноб 1
Ягноб 2
Ягноб 3
Ягноб 4
Ягноб
previous arrow
next arrow
Ягноб 1
Ягноб 2
Ягноб 3
Ягноб 4
Ягноб
previous arrow
next arrow