- Навид

Ба муносибати 40-солагии таъсисёбии Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум”

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 26 октябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон даромадгоҳ ва бинои маъмурии мамнуъгоҳи давлатии “Дашти Ҷум” ба истифода дода шуд.

Инчунин санаи 27 октябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар, намояндагони сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини  вилояти мазкур ба муносибати 40-солагии таъсисёбии Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” ҷамъомади идона баргузор гардид.

Зимни суханони табрикотӣ ба муносибати 40-солагии таъсисёбии Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, бахусус мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ марҳила ба марҳила таъмин гардида истодааст.

Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 40 – солагии таъсисёбии “Дашти Ҷум” бинои маъмурии МД “Мамнуъгоҳи табии давлатии Дашти Ҷум” аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва ба истифода дода шуд. Бинои мазкур иборат аз 3 ошёна буда, 412м2 – ро ташкил медиҳад ва дорои 6 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ, дар ошёнаи    3-юм меҳмонхона, масоҳати кабудизоркунӣ 180м2, роҳравҳо аз тахтасангҳо 200м2, чароғакҳои баландпоя барои равшандиҳӣ 8 адад, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, камераҳои назоратӣ 10 адад, курсиҳои беруна 4 адад, панҷарабандии гирду атроф 120м2 ва ба шароити ҳозиразамон мувофиқ мебошад.

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” 1 адад воситаи нақлиётии хизматии тамғаи ВАЗ НИВА тақдим карда шуд.

Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» соли 1983 дар масоҳати 19,700 гектар, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманакӯҳи «Ҳазрати Шоҳ», дар баландиҳои аз 700 то 3000 метр аз саҳти баҳр таъсис дода шуда, мақсади он ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа, ҳифз ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот мебошад.  Дар экосистемаҳои мамнуъгоҳи мазкур набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат дохилшуда ҳифз карда мешаванд.

0tg1deljrr083q7x014n67wrx9uzrt6n
2gvfsy2p0mhtm2mes7mvh0i5slz76nyh
7sh0zw2gtaxp9ugrh2jjpb59p3xvwsuf
gg5d75nyca82oeqrjii96q0lneny9g5i
n623b7v1nfqhxdv0d3mz36rszc3frc5z
o4lrvp0mam0ef5lmg4vei6ro2sevig7a
pwm8751zwrn59kl4w3chhctv6vmbi4ww
u8i6zwn2ssu8wc51epknmp06j4rfunrh
w3vhb7l695ocyphtq8rcvrusgtrwn06a
previous arrow
next arrow

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *