- Навид

Семинар оид ба татбиқи системаи Smart дар мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон

Санаи 21 то 23 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе семинар оид ба татбиқи системаи Smart дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар чорабинӣ намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА, ташкилоти ҷамъиятии «Alphabet of Nature», Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва сохторҳои тобеи он иштирок намуданд.
Дар рафти семинар иштирокчиён бо функсияҳои системаи Smart, инчунин версияи мобилии он шинос шуданд. Бояд қайд намуд, ки Smart як барномаи муосир барои назорат ва идоракунии маълумот дар мамнӯъгоҳҳо ва паркҳои табиӣ мебошад, ки барои Ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, оид ба Мониторинги қонуншиканиҳо, Технологияи иттилоотии ҷуғрофӣ хело муфид буда, ҳисоботу таҳлилро ба таври автомати омода менамояд.
Қарор аст, ки дар соли 2025 системаи «Smart patrul» барои санҷиш дар ҳудуди мамнуъгоҳи табии давлатии «Бешаи палангон» ва Резервати бисофери Ромит истифода карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *