- Навид

Шинонидани ниҳолҳо ва корҳои ободонӣ дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи Палангон»

Дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи Палангон», кормандон ба шинонидани ниҳолҳои саксаул дар минтақаи техникаи 1 ва дар кварталҳои 8 ва 22 машғул мебошанд. Ин иқдом бо мақсади беҳдошти муҳити табиӣ ва такмили экосистемаи мамнуъгоҳ сурат мегирад.

Ҳамзамон, кормандони Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи Палангон» ба тозагии муҳити атроф, хусусан дар назди дидбонгоҳи якум ва корхона, низ машғул буда, барои нигоҳдории муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи ободонӣ кӯшиш мекунанд. Ба ҳайвонот ва парандагон низ хӯрока ва донагиҳо пешниҳод мешаванд, ки дар беҳдошти шароити зисти онҳо нақши муҳим доранд.

Ин амалҳо ба нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, беҳсозии муҳити табиии мамнуъгоҳ ва баланд бардоштани масъулияти экологӣ равона шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *