- Навид

Ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи дуюм дар Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”

30 июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти муассиса ва зерсохторҳои тобеи он баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи дуюми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласа бо мақсади таҳлили иҷрои нақшаи корӣ дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда доир шуда, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тақвияти корҳои назоратӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти зерсохторҳо баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ иштирок намуданд. Зимни суханронии худ муҳтарам Раҳмонзода ба натиҷаҳои назарраси фаъолияти Муассиса дар давраи ҳисоботӣ баҳои мусбат дода, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо дар семоҳаҳои оянда тавсияҳо ва супоришҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Дар анҷоми ҷаласа бо қарори ҳайати мушовараи Муассиса натиҷаҳои фаъолият ҷамъбаст ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатӣ муайян карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *