МАМНӮЪГОҲИ ТАБИИИ ДАВЛАТИИ
«БЕШАИ ПАЛАНГОН»
Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» нахустин мамнӯъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон мебошад, ки бо қарори собиқ Шӯрои Комиссариати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1938, №1163 бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти гуногуни минтақаҳои биёбону туғайзорҳои нодири туранга, газ, санҷид, каварак, эриапус ва дигар намудҳои гуногуни хоси ландшафтҳои экосистемаи табиӣ ва намудҳои ҳайвонотҳои гуногун, ба монанди гавазни бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), ҷейрон (Ғизол), сагобӣ, тазаври тоҷикӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра таъсис дода шудааст.
Дар мамнӯъгоҳ 18 намуди ҳайвонот ва 15 намуди набототи нодир ҳифз ва нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин, 20 намуди моҳӣ, 30 намуди хазандаҳо, 34 намуди ширхорон, 2 намуди обхокиҳо, 150 намуди паррандаҳо ва намудҳои сершумори нодири бемуҳрадорон сукунат доранд.
Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар сарҳадди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар саргаҳи дарёи калонтарини Осиёи Миёна-дарёи Ому мавқеъ гирифтааст ва масоҳати имрӯзаи мамнӯъгоҳ ба 49786 гектар баробар аст. Ҳудуди мамнӯъгоҳ асосан дар марзи заминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст.
Масоҳати зиёда аз 4000 гектари мамнӯъгоҳро обанбор ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнӯъгоҳ 20 кӯл мавҷуд аст ва ҳар кадоми онҳо дорои номи хоси табиӣ мебошанд.
Дар мамнӯъгоҳ 20 намуди моҳиҳо, аз қабили белмоҳӣ, сангмоҳӣ, гамбузия ва ғайра мавҷуд аст. Дар ин кӯлҳо намуди моҳии релективӣ “Белбинии Амударё” (Амударинский лопатанос) низ зиндагӣ мекунад.
Матлаби ташкили мамнӯъгоҳ маҳфуз мондани як қисмати ландшафти географӣ дар ҳолати табиӣ барои омӯзиши дарки асрори табиат мебошад. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои асосии системаи ҳудудии муҳофизати табиат, аз як тараф, нигоҳдошти генофонди набототу ҳайвонот бошад, аз тарафи дигар дар шароити мусоиди табиӣ омӯзиши ҷараёнҳои микроэволютсионӣ дар популятсияҳои намудҳои муҳимму хосси набототу ҳайвонот мебошад.
Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз минтақаҳои нодири курраи замин мебошад, ки миқдори зиёди бешаҳои туғайзорҳорро дар минтақаи субтропикии хушк нигоҳ медорад. Майдони туғайзорҳо дар мамнӯъгоҳ ба 24,1 ҳазор гектар баробар буда, кисми зиёди он дар соҳили чапи дарёи Вахш паҳн шудаанд.
Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» як гӯшаи табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои сирру асрори хосси табиии бисёрасраи эволютсионӣ буда, алоқаи тарафайни олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд. «Бешаи палангон» то ҳол ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар қаламрави он бисёр намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот ҳифз карда мешаванд.






















