МАМНӮЪГОҲИ ТАБИИИ ДАВЛАТИИ «ДАШТИ ҶУМ»
Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» бо қарори собиқ Шӯрои Вазирони Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1983, №273 бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот ташкил карда шудааст.
Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» дар масоҳати 19700 гектар, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманакӯҳи «Ҳазрати Шоҳ» дар минтақаи ҷангалҳои камбарг ҷойгир мебошад.
Мамнӯъгоҳ дар қисми рости дарёи Панҷ, дар баландиҳои 700 – 3000 метр аз сатҳи баҳр, дар марзи маъмурии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ гардида, бо кӯҳҳои сарбафалаккашидаи касногузар иҳота гаштааст, ки яке аз мавзеъҳои мушкилгузартарин ба ҳисоб меравад.
Дар мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот ва набототи ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китоби сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) дохил гардида, аз он ҷумла 17 намуди ҳайвоноти нодир ва 39 намуди наботот ҳифз карда мешаванд.
Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» ифодагари гуногуншаклии биологӣ ба ҳисоб рафта, аз олами ҳайвонот бузи кӯҳии пармашох (Морхӯр), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), хирси маллаи тиёншонӣ, силовсин, сагобӣ, бабри барфӣ, буттагардаки осиёмиёнагӣ, хорпушти хордароз, мири мушони туркистонӣ, мири мушон, хармуши борикангушт, гурбаи даштӣ, суғури мензбир, кабки дарӣ, бургут, мурғи даштӣ, ҷиркабк, чил, мурғи ҳилол, шоҳин, мурғи ҳумо, уқоби морхӯр, уқоби лошахӯр, уқоби пакана ва дигар намуди ҳайвонот, ва аз олами наботот бошад анор, марғпиёз, гӯши бузак, пиёзи анзур, катк, ансал, зира, камоли бочансев, савсан, савсани кӯҳӣ, савсани даштӣ, наврӯзгулак, сиёҳгӯш, шоҳлола, лолаи доғгули, лолахасак ва ғайра вомехӯранд.


















