МАМНӮЪГОҲИ ТАБИИИ ДАВЛАТИИ «ЗОРКӮЛ»
Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2002, №120 таъсис дода шудааст. Ин ягона мамнӯъгоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад ва дар майдони 87700 гектар, дар баландиҳои 4100 – 4200 метр аз сатҳи баҳр вокеъ гадидааст. Мақсади ташкили мамнӯъгоҳ ҳифз ва нигоҳ доштани маҷмӯаи табиии хоси Помири Шарқӣ, макони зисти намудҳои нодири олами ҳайвонот, ба монанди гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар) ва бабри барфӣ мебошад.
Кӯли Зоркӯл дар марзи ду давлат ҷойгир буда, дар ҷануби он –Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки онро Бадахшони Афғгонистон ном мебаранд ва дар шимоли он – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Дар мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» боз се кӯли начандон калон бо номи умумии Чаканкӯл вуҷуд доранд, ки дар яке аз дараҳои қаторкӯҳҳои Вахон ҷойгир мебошанд.
Дар мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» 123 намуди олами наботот, аз он ҷумла терескени гулдор, явшони гулдор, болиштак, ҷави русии новашакл, қиёқи сиёҳранг, заргулак ва растаниҳое, ки 15 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, вомехӯранд.
Ҳамчунин, дар мамнӯъгоҳи «Зоркӯл» 15 намуди ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), гӯсфанди кӯҳии муфлон, бабри барфӣ, силовсини туркистонӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, қашқалдоқи сурх, мурғи ҳилол, ғози ҳиндӣ, бузи кӯҳии сибирӣ ва дигар намуди ҳайвонот ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешаванд.
Дар кӯли Зоркӯл моҳиҳо, аз он ҷумла намудҳои ширмоҳӣ ва маринка (гулмоҳӣ) хело фаровонанд ва мусаллам аст, ки мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» барои селаи зиёди парандагони муҳоҷир мавзеи хос буда, ҳангоми муҳоҷирати баҳорӣ ва тирамоҳӣ боз меистанд.






















