ПАРКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Парки миллии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1992, №267 ташкил карда шуд.
Мақсади асосии таъсиси Парки миллии Тоҷикистон ин таъмини устувории мувозинаи гуногунии биологӣ, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир, комплексҳои табиии нотакрор, ёдгориҳои бебаҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, афзун намудани популятсияи набототу ҳайвоноти камшуда, барқароркунии системаҳои устувори экологӣ, экоиситемаҳои хоси табиӣ, рушди туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ, гузаронидани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ оид ба таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ, мониторинги биологӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиат мебошад.
Парки миллии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 2,6 миллион гектар ҷойгир буда, бо мақсади идоракунии устувор ва таъмини фаъолияти назоратӣ ба Мудирияти минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2,2 млн га ва филиалҳо дар ноҳияи Сангвор дар майдони 306,6 ҳаз. га ва дар ноҳияи Лахш дар майдони 69.9 ҳаз. га ҷудо карда шудааст.
Мудирияти минтақавии Парки миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти он, ки дар марзи маъмурии чор ноҳияи вилоят воқеъ гаштааст, дар тобеияти худ чор мудирияти ноҳиявӣ дорад.
Масоҳати Парки миллии Тоҷикистон зиёда аз 34,8 фоизи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зиёда аз 35,5 фоизи масоҳати ноҳияҳои Сангвору Лахш ва дар маҷмӯъ зиёда аз 18,2 фоизи масоҳати қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.
Олами ҳайвоноти Парки миллӣ гуногун буда, дар айни замон намудҳои нодири ҳайвонот, аз ҷумла гӯсфанди кӯҳии помирӣ (Архар), бабри барфӣ, гурги сурх, хирси маллаи тиёншонӣ ва дигар ҳайвоноти хоси табиати минтақа ба монанди бузи кӯҳии сибирӣ, силовсин, гург, суғури думдароз, ғулмуш, заргӯши толоӣ, кабк, кабки ҳилол, бургут, кафтар, фохтак, ҳудҳуд, зоғобӣ, калмурғи сиёҳ, зоға ва ғайра ташкил медиҳанд.
Аз парандагон кабки дарӣ, шоҳин, пашшахӯрак, ҳудҳуд, лошахӯр, мурғобӣ, гунҷишки кабуд, фохтак, заргалдор, сангодавак ва ғайра мушоҳида мешаванд.
Табиист, ки кӯлҳои ин мавзеъҳо парандагони зиёдро ҷалб менамоянд, ба монанди ғози кӯҳӣ, моҳихӯрак, бургут, саъдаи тибетӣ, калхот ва ғайра.
Дар баробари табиати дилангез ва захираҳои бойи гуногунии биологӣ дар ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон чашмаҳои обҳои гуногуни маъданӣ, ки аҳаммияти шифобахшию табобатӣ доранд ва инчунин минтақаҳои зиёди рекреатсионӣ мавҷуданд.
Парки миллии Тоҷикистон – қисмати марказии Помиру Олой, ҳудуди қаторкӯҳҳои Академияи миллии илмҳо, дар қисмати шарқии он қаторкӯҳҳои Ванҷ, Язғулон, Дарвоз ва қуллаҳои осмонбӯси Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, пиряхҳои Федченко, Хирсон, кӯли Сарез, водии хушманзарии Сангвор, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ (7495м), Истиқлол (7134м), пиряхҳои бузурги Федченко, Гармо, Грум Грижимайло ва Бивачийро фаро мегирад.
Парки миллии Тоҷикистон дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вобаста ба масоҳати худ ҷойи аввалро ишғол намуда, инчунин бузургтарин парки миллӣ дар минтақаи баландкӯҳии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Хусусиятҳои экосистемаи хоси мавзеъҳои баландкӯҳии Парки миллии Тоҷикистон барои дар муддати дуру дароз ҳифз ва нигоҳдорӣ намудани намудҳои гуногуни олами набототу ҳайвонот ва дигар ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва ѓ. мусоидат менамояд.
Рӯзҳои 16–27 июни соли 2013 дар шаҳри Пномпен, пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа Сессияи 37 Кумитаи иҷроияи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор гардид. Мувофиқи қатъномаи сессияи мазкур, аввалин номинатсияи табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парки миллии Тоҷикистон ба Рӯйхати Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.


























