PTT SHIRKENT

ПАРКИ ТАБИӢ – ТАЪРИХИИ «ШИРКЕНТ»

Парки табиӣ–таърихии «Ширкент» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1993, №462 бо мақсади нигоҳ доштани генофонди беҳамтои фауна ва флора, инчунин нақши сумҳои динозавр (изи пой), ташкил ва рушди сайёҳии экологӣ ташкил карда шудааст.

Парки табиӣ–таърихии «Ширкент» дар майдони умумии 3000 гектар, дар масофаи 90‒100 киллометр ғарбтар аз шаҳри Душанбе, дар марзи маъмурии шаҳри Турсунзода, дар ҳавзаи дарёи Ширкент ва ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошад.

Фаунаи Парки табиӣ–таърихии «Ширкент» тақрибан 150 намуди муҳрадорон, ки аз он 30 намудаш ширхорон, зиёда аз 100 намуд парандагони лонагузоранда, 41 намуд паррандагони муқимӣ ва зиёда аз 55 намуди парандагони муҳоҷир, 8 намуд хазандагонро дар бар мегирад.

Дар экосистемаҳои парк хирси маллаи тиёншонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, бабри барфӣ, қашқалдоқ, суқури сурх, савсори сангзор, силовсини туркистонӣ ва дигар намудҳо вомехӯранд.

Олами набототи Парки табиӣ–таърихии «Ширкент» бой буда, дарахтони каркас, бодом, заранг, дӯлона, ҳулул, намудҳои дарахтони паҳнбарг дар баландиҳои 1800–2000 метр, арчазор дар баландиҳои 2000 – 3000 метр ва намудҳои растаниҳои шифобахш, ғизоӣ, аз қабили торон, чойкаҳак, қоқуттӣ, аденас, ҳайрон, пӯдина, шири харак, юғани ғизоӣ, лолаҳои гуногун ва ғайра мавҷуд мебошанд.

Ҷангалзорҳои паҳнбарг дар баландиҳои 1800 – 2600 м аз сатҳи баҳр, арчарзорҳо бошанд дар баландиҳои 2000 – 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъ дарахтони муқимии (эндемикаи) Осиёи Миёна; арчаи зарафшонӣ, арчаи нимкурашакл хеле фаровон рӯйидаанд. Дигар хусусияти олами набототи парк дар он ифода меёбад, ки қисми зиёди чангалзорҳои он дарахтони паҳнбарг дар зиччӣ бо дарахтони ҳамешасабзи арча вомехӯранд.

Ёдгориҳои ғайризинда қариб 40 намудро дар бар мегирад, ки ба ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мансуб мебошанд. Машҳуртарини онҳо изҳои сумҳои динозавр, нишонаҳои тағийрёбии сохт ва вайроншавии харсангҳо дар замонҳои хеле қадим, монеаҳои бузурги дарозиашон беш аз 5–10 километр бо баландии беш аз 50–100 метр ва аз ин ҳам зиёд, харсангҳои шабеҳи гумбаз ва қулф ва дигар нишонаҳои муъҷизаи табиӣ.

Дар қисмати шимолии Парки табиӣ–таърихии «Ширкент» деҳае бо номи Пашми Куҳна вуҷуд дорад, ки ҳатто куҳансолони ин манотиқ аз кадом давра вуҷуд доштани ин маҳалро ёд надоранд. Деҳаи мазкур дар оғӯши дарёи зебои кӯҳӣ, харсангҳои азим ва чашмаҳои соф воқеъ гардидааст.

Ба категорияҳои ёдгориҳои геологии парк бозёфтҳое дохил мешаванд, ки таърихи қадим дошта, дар гузашта дар ин мавзеъ, ки он замон канори уқёнус (ё баҳри азим) будааст, нишони мавҷуд будани динозаврҳо дида мешавад. Дар мавзеи Ширкент боқӣ мондани изҳои сумҳои динозаврҳо ба оламиён кайҳост, ки маълуму маъмул аст. Аммо омӯзиши таърихи онҳо муддати тӯлониро тақозо менамояд. Ин ҳама аз мавзеи хеле қадимӣ будани ин минтақаи Тоҷикистони имрӯза шаҳодат медиҳад.

Ширкент 1
Ширкент 2
Ширкент 3
Ширкент 4
Ширкент 5
Ширкент
previous arrow
next arrow
Ширкент 1
Ширкент 2
Ширкент 3
Ширкент 4
Ширкент 5
Ширкент
previous arrow
next arrow