21-22 апрели соли 2024 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази экологии ҷавонон” дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ва деҳаҳои атрофи он аксияи экологии “Роҳпаймоии паркҳо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази экологии ҷавонон”, устодону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№10, 45, 18, 19, 22 ва сокинони деҳаҳои Лабидарё, Намуна, Якадин, Балхӣ ва Бӯстони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Мақсади баргузории аксияи экологии “Роҳпаймоии паркҳо” ҷалби таваҷҷӯҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба масъалаҳои марбути мамнуъгоҳҳо ва паркҳои табиӣ, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва олами набототу ҳайвоноти нодир буда, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ равона гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки аксияи мазкур бо тартибу низоми хос баргузор гардида, барои меҳмонон экскурсия ба осорхонаи Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон”, намоишгоҳи технологияҳои сабз ва саҳначаҳои намоишӣ ташкил карда шуда, як қатор викторинаҳо ва озмунҳо гузаронида шуда, варақаҳои иттилоотӣ оид ба мамнуъгоҳҳо ва паркҳои табиии аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии кишвар, олами набототу ҳайвоноти нодири онҳо , ки ба масоили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, нигоҳдории гуногунии биологӣ бахусус олами набототу ҳайвоноти нодир ва беҳдошти муҳити зист.



















