- Навид

Маҳфили навбатии гурӯҳи экожурналистон дар Парки табиии миллии “Яғноб”

27 июли соли 2024 дар доираи татбиқи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 18 нафар гурӯҳи экожурналистон, ки аъзои маҳфилҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо иқдоми Кумита ба Парки табиии миллии “Яғноб” сафар намуда, аз мавзеъҳои зебои он дидан намуда, ба олами набототу ҳайвоноти нодири мавзеъҳои Парки мазкур шинос гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Парки табиии миллии “Яғноб”, муассисаи зертобеи Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, соли 2019 таъсис дода шудааст. Бино ба маълумоти масъулин масоҳати Парк 51 ҳазору 544 га буда, дар ҳудуди он ҳайвоноту парандагони кӯҳӣ, амсоли бузи сибирӣ, бабри барфӣ, хирси тиёншонӣ, суғури сурх, кабк, мурғи ҳилоли тибетӣ ба сар мебаранд. Инчунин, дар мавзеъҳои ҳудуди Парк намудҳои ғании олами дарахтону растаниҳо, гулу гиёҳҳои гуногун, аз ҷумла навъҳои ба иқлими мавзеъҳои минтақа хос мерӯянд.
Дар рафти сафар ва шиносоӣ дар доираи мавзуи бозомӯзӣ муовини директори МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и Кумита Нажмиддинов Н. ва директори Парки табиии миллии “Яғноб” Каримов Ғ., дар доираи мавзуъ ба гурӯҳи экожурналистон маълумот дода, мусоҳибаҳо анҷом доданд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи экожурналистонро забони яғнобӣ, ки яке аз қадимтарин забонҳои ин минтақа буда, то кунун ҳифз мешавад, инчунин расму русум ва анъанаҳои қадимии мардуми баландкӯҳи Яғноб ба худ ҷалб намуд.
Дар ин сафар гурӯҳи экожурналистон маълумоти ғании андӯхта, бо таассуроти нек баргаштанд.
IMG_3577
IMG_3543
IMG_3497
IMG_3436
IMG_3415
IMG_3285
IMG_3413
previous arrow
next arrow

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *