Ҳамасола аз тарафи сохторҳои тобеи Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зимистонгузаронӣ ва бе талаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар фасли сармо чорабиниҳои биотехникӣ аз ҷумла:
— пошидани гандум;
— гузоштани алаф;
— гузоштани намак чорабиниҳо биотехникӣ гузаронида мешаванд.
Дар ин робита аз тарафи сохторҳои мазкур ҷиҳати таъсири амиқ гузоштан ба ҳолати экологӣ ва муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобастагӣ дорад, маъракаи шинонидани дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ташкил намуданд.
























