Бо мақсади ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист, инчунин беҳтар намудани шароити зисти ҳайвоноту набототи нодири ҳудуди Резервати биосферии Ромит, корҳои биотехникӣ дар қитъаҳои 7 ва 8-и ин минтақа амалӣ гардиданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо, тозакунии ҳудуд аз партовҳо ва алафҳои хушк, барқарорсозии манбаъҳои обӣ, васеъ намудани маконҳои хӯрокёбии ҳайвонот ва шинондани ниҳолҳои ба иқлими минтақа мутобиқ анҷом дода шуд. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва устувор нигоҳ доштани экосистема мебошад.
Мутахассисони соҳа ҳамчунин назорат ва таҳлилҳои экологиро дар минтақа гузаронида, тавсияҳо барои идомаи корҳои ҳифзи муҳити зист пешниҳод намуданд. Татбиқи мунтазами чунин тадбирҳо барои нигоҳдории гуногунии биологӣ ва рушди устувори муҳити табиӣ нақши муҳим дорад.


















