- Навид

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

30 июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти муассиса ва зерсохторҳои тобеи он дар соли 2025 баргузор гардид.

Ҷаласа бо мақсади таҳлили ҳамаҷонибаи иҷрои супоришу нақшаи кории муассиса дар соли 2025, арзёбии нишондиҳандаҳои асосии фаъолият ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда доир карда шуд.

Дар рафти ҷаласа ҳисоботҳои роҳбарияти муассиса ва намояндагони зерсохторҳо шунида шуда, масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла рушди сайёҳӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таҳкими чораҳои ҳифзи муҳити зист, тақвияти корҳои назоратӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои тобеъ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар кори ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Лоиқ, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ муовини раиси Кумита, натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти Муассисаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои корӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандон ва пурзур намудани назорат як қатор тавсияҳо ва супоришҳои мушаххас доданд.

Дар анҷоми ҷаласа, натиҷаҳои фаъолияти Муассиса дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, вазифаҳои афзалиятнок ва нақшаи чорабиниҳо барои семоҳаи навбатӣ муайян карда шуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи муассиса бояд ба таҳкими низоми ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои оинномавӣ равона гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *