14 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат бо ибтикори Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии кишвар то давраи соли 2040 ва тибқи нақшаи амали солҳои 2025–2027, инчунин Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар ҳудуди Резервати биосферии Ромит, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, роҳандозӣ шуда, дар маҷмӯъ 1500 бех ниҳол шинонида шуд. Аз ҷумла: 1000 бех ниҳоли сояафкан, 300 бех ниҳоли ороишӣ ва 200 бех ниҳоли мевадиҳанда.
Дар ин иқдоми муҳими экологӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Ромит бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ фаъолона иштирок намуда, ниҳолҳоро бо риояи талаботи агротехникӣ шинониданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо беҳтар намудани вазъи экологӣ, афзоиши масоҳати майдонҳои сабз, ҳифзи гуногунии биологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад.




























