Бо мақсади баланд бардоштани рушди маърифати экологии аҳолӣ дар доираи амалисозии чорабиниҳои тарғиботӣ санаи 22 апрел бахшида ба ҷашни “Рӯзи Замин” дар мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” аз тарафи Маркази экологии ҷавонон чорабинии фарҳангӣ-омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Сарраёсати ҳифзи маҳити зисти шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” гузаронида шуд.
Иштирокчиён ба рафти чорабини ва гузаронидани озмуни расму мусаввараҳои беҳтарин ва саҳначаҳои тарбиявӣ, ки аз тарафи хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Дӯсти ва Ҷайҳуни Вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда буд, баҳогузорӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалб намудани ҷавонон ба дӯстдории табиат ва ҳифзу нигоҳдории он буд, ки дар хотима барои ҳавасмандгардонии иштирокчиён ба ғолибони озмун туҳфаҳо тақдим карда шуд
















