- Навид

Мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Морхӯр”

2 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии Морхӯр” тариқи қатъномаи дахлдор бо иттифоқӣ пазируфт. Дар ин партав, ҷиҳати ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ намудани иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 майи соли равон мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Морхӯр” ташкил ва баргузор намуд.

Мизи мудавварро бо суханони ифтитоҳӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҷамшед Ҳомидзода ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва олимони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Доктори илмҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор дар мавзуи “Морхӯр намуди калидӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ”, Хурсандмурод Фаттоҳов корманди Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавзуи “Минтақаҳои табиии сукунати Морхӯр дар Тоҷикистон” ва Устян Иван корманди Институти илмӣ-тадқиқоти хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани макони зисти Морхӯр тариқи руйнамо баромад намуданд.

Морхӯр ширхӯри қатори ҷуфтсӯмон, бузи кӯҳии шохдор аст. Ин ҳайвон дорои арзиши бузурги экологӣ ва аҳамияти эстетикӣ буда, ифтихори Тоҷикистон мебошад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ, хусусан дар доманакӯҳҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз ва мамнуъгоҳи Даштиҷум тақрибан 6500 ин ҳайвоноти нодир зиндагӣ мекунанд, ки ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд. Популятсияи Морхӯр дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бештар буда, инчунин дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дида мешаванд. Қаблан популятсияи Морхӯр дар Тоҷикистон дар ҳолати хатари нобудшавӣ қарор дошт ва ба рӯйхати сурхи IUCN дохил карда шуд.

Дир қисмати анҷоми чорабинии мазкур сессияи саволу ҷавоб барпо гардид, ки иштирокчиён ба саволҳои худ аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

IMG_9472
IMG_9448
IMG_9501
IMG_9503
IMG_9523
IMG_9504
IMG_9478
IMG_9460
IMG_9435
previous arrow
next arrow

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *