- Навид

Семинар дар доираи Лоиҳаи рушди устувор дар мутобиқат ба тағйирёбии иқлим (CRDP)

Санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Атлас” дар доираи Лоиҳаи рушди устувор дар мутобиқат ба тағйирёбии иқлим (CRDP) семинар миёни кормандони Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд гузаронида шуд.
Лоиҳаи рушди устувор дар мутобиқат ба тағйирёбии иқлим (CRDP)-ро Ташкилоти HELVETAS Свисс Интеркооперешн ва Welt-hungerhilfe дар ҳамкорӣ бо Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ намуда, дар ҳудуди ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун ва Дӯстии вилояти Хатлон, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон”-ро иҳота кардаанд, амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур ба ду масъалаи асосӣ, Идоракунии ландшафт ва гуногунсозии воситаҳои зиндагӣ афзалият дода, лоиҳа тавасути ҳалли ин мушкилот кӯшиш мекунад, ки устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими аҳолии маҳаллиро тақвият диҳад. Ин ташаббус моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфта, интизор меравад, ки ба рушди устувори ин минтақаҳо таъсири мусбат расонад.

IMG_2009
IMG_0451
IMG_0466
IMG_0456
IMG_1922
IMG_2064
previous arrow
next arrow

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *