Солҳои охир дар ҳудуди Мудирияти минтақавии Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон (ММ ПМТ-и н. Шуғнон) боришоти барф дар моҳҳои март ва аввали апрел афзоиш ёфтааст. Дар натиҷа, дастрасии ҳайвоноти ваҳшӣ ба ғизо маҳдуд мегардад.
Бо мақсади ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва таъмини онҳо бо ғизои иловагӣ, кормандони ММ ПМТ-и н. Шуғнон тасмим гирифтанд, ки корҳои биотехникӣ анҷом диҳанд. Дар доираи ин тадбирҳо, 1 тонна алаф дар муддати як ҳафта ба мавзеъҳои Андаравҷ, Савзачич ва Даштак, ки барои ҳаракати ҳайвонот мувофиқанд, бурда паҳн карда мешавад.
Ин иқдом барои ҳифзи экосистема ва нигоҳ доштани тавозуни табиӣ дар минтақа нақши муҳим хоҳад дошт.


















