5 апрели соли 2025 дар ҳамкорӣ бо кормандони филиали ПМТ дар ноҳияи Сангвор, як иқдоми аъзои корхона баргузор гардид. Бо мақсади тозаву озода кардани муҳити атроф ва нигоҳдории беҳтарии ҳавлии корхона, кормандон ба ҳашар баромада, саҳни муассисаро аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуданд.
Дар рафти ҳашар, кормандон инчунин боғчаи назди муассисаро ба тартиб оварда, барои ободонии гирду атроф ва кабудизоркунии муҳити корхона саҳми арзанда гузоштанд.
Иқдоми мазкур, ки бо мақсади нигоҳдории муҳити солим ва тозагии кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд, бо иштироки ҳама кормандон ба анҷом расид ва ба муҳити корхона вазни шодиву созандагӣ афзуд.












