- Навид

Ҷаласаи ҷамъбастии се моҳаи Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” баргузор гардид

2 апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти муассиса ва зерсохторҳои тобеи он дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти ниҳод дар давоми се моҳи гузашта мавриди таҳлил қарор гирифта, дастовардҳо, камбудиҳо ва масъалаҳои мавҷуда баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои муҳими пешорӯ барои давраҳои минбаъда муайян гардиданд.

Мақсад аз баргузории ҷаласа — таҳлили раванди иҷрои нақшаҳои корӣ, тақвияти ҳамоҳангии сохторҳо ва боло бурдани самаранокии фаъолияти Муассиса дар самти ҳифзи муҳити зист ва идораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *