4 апрели соли 2025 дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” бо ташаббуси кормандони шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) барои кормандон ва нозирони мамнуъгоҳ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар рафти омӯзиш иштирокчиён бо усулҳои пешгирии қочоқ ва тартиби дурусти мушоҳида бо истифода аз таҷҳизоти махсус, аз ҷумла ратсияҳо, дурбинҳо ва дигар васоити назоратӣ шинос шуданд. Ҳадафи баргузории ин дарсҳо баланд бардоштани сатҳи касбият ва самаранокии фаъолияти нозирони мамнуъгоҳ дар самти ҳифзи муҳити зист ва муқовимат бо амалҳои ғайриқонунӣ мебошад.
Семинари мазкур ҳамчун як қадами муҳими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист ва шарикони байналмилалӣ баҳри таъмини амнияти экологии минтақа арзёбӣ мегардад.

















