Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла кормандони Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб, дар мавзеи “Кӯли ҷавонон” (маъруф бо номи “Кӯли Душанбе”), воқеъ дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Варзоб, ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ корҳои нарм кардани бехи ниҳолҳои қаблан шинонидашуда анҷом дода шуданд, ки ҳадафи асосии он беҳтар намудани шароити нашъунамои ниҳолон ва таъмин намудани онҳо бо обу ғизо мебошад. Ин иқдом инчунин заминаи мусоид барои сабзиши солими ниҳолон фароҳам оварда, ба решаҳои онҳо нуриҳои минералӣ гузошта шуд.
Ташкили чунин ҳашарҳои экологии дастаҷамъона дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ амалӣ гардида, ба беҳтар шудани муҳити зист ва коҳиши таъсири гармшавии глобалӣ мусоидат менамояд.
Масъулин изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ дар дигар минтақаҳои кишвар пайгирӣ хоҳанд шуд, то муҳити тоза, солим ва устувор барои наслҳои имрӯзу фардо таъмин гардад.













