- Навид

Чорабинии экологӣ бахшида ба Рӯзи Замин дар “Бешаи палангон”

Аз ҷониби Муассиса дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази экологии ҷавонон” дар таърихи 22 апрели соли ҷорӣ бахшида ба “Рӯзи замин” дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ва деҳаҳои атрофи он чорабинии экологӣ баргузор гардид, ки дар он устодону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, №45, №18, №19, №22 ва сокинони деҳаҳои Лабидарё, Намуна, Яккадин, Балхӣ ва Бӯстони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ барои иштирокдорон ва меҳмонон экскурсия дар осорхонаи Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” гузаронида шуда, намоишгоҳи технологияҳои сабз ва саҳначаҳои намоишӣ, викторинаҳо ва озмунҳои гуногуни хусусияти экологидошта баргузор кардашуда, маводҳои иттилоотӣ оид ба мамнуъгоҳҳо ва паркҳои табиии давлатии аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии кишвар ва гуногунии биологии онҳо тақдим карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳамаи мактабҳо ва хонандагони алоҳида барои иштироқӣ фаъоли худ бо тӯҳфаҳои ёдгорӣ сарфароз гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки чунин чорабинӣ алакай бори дуюм баргузор мегардад, ки ин аз муваффақияти чунин ташаббусҳо дар баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон шаҳодат медиҳад.

IMG_2765
IMG_2761
IMG_2762
IMG_2764
previous arrow
next arrow

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *