Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои филиали Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ бо суръати баланд идома доранд.
Дар доираи ин тадбирҳо, аз ҷониби кормандони филиал зиёда аз 120 бех ниҳоли ар-ар, 45 бех мурут ва 50 бех бед дар назди бинои маъмурии филиали Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор шинонида шуданд. Ҳамзамон, ниҳолҳои мевадиҳанда (себ) нарм карда шуда, танаи онҳо бо маҳлули оҳак сафед карда шуданд.
Илова бар ин, шиор-овезаҳои даромадгоҳи бинои маъмурии филиал низ иваз гардиданд, ки ба зебоии муҳити атроф ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон мусоидат мекунад.
Масъулони филиал зикр намуданд, ки чунин иқдомҳо дар самти ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар оянда низ пайваста идома хоҳанд ёфт.
















