Дар рӯзҳои сардии фасли зимистон, кормандони ПМТ дар ноҳияи Рушон дар мавзеъҳои Ғудара ва Акташ бо истифода аз захираҳои худ 300 кг алафи хушк барои ҳайвонот ба назар гирифта, чорабиниҳои биотехникӣ баргузор карданд.
Инчунин, дар рафти назорати ҳудуд кормандони ПМТ ҳайвоноти нодир, ба монанди бабри барфӣ ва силовсин, мушоҳида намуданд, ки ин на танҳо барои мутахассисон, балки барои ҷомеа низ аҳамияти махсус дорад.



















