- Навид

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Резервати биосферии Ромит

8 феврали соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ дар Резервати биосферии Ромит баргузор гардид. Ҳадафи ин иқдом пешгирии таназзулёбӣ, нигоҳдории мувозинати экологии экосистемаҳои табиӣ ва барқарорсозии ҳолати табиии ҷангалзорҳо мебошад.

Дар чорабинӣ Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода С.Р., Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сардорони зерсохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист иштирок намуданд. Дар доираи маъракаи мазкур зиёда аз 1200 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд.

Маъракаи мазкур ҳамчун иқдоми муҳими экологӣ барои беҳтарсозии муҳити зист ва рушди устувори экосистемаҳо арзёбӣ мегардад. Ташкилкунандагон ва иштирокчиён таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт, то табиати кишвар ҳифз ва муҳити солим барои наслҳои оянда таъмин гардад.

c4e135b9-d4c5-46ce-b3ef-9dedaef3553e
ec85994a-3a05-4380-a38a-7e844e7b14b1
b009d45a-054e-44b3-8042-e2af30031631
ae4cf5a5-b4ba-4c85-9364-40d3bc547b9a
aad6a7ce-50f5-479e-abb5-9bd0c19118d7
821f26ae-2856-4e51-8964-0203eee30165
113a6bc9-aab4-45f1-9883-6b525f170c6c
54a85535-0e39-4ced-88d1-ff8433c9aad1
previous arrow
next arrow

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *